Намунаи шартнома

Намунаи шартномаи Хизматрасони

ШАРТНОМА 

аз «____» ________ соли 201___                                                                          ш.Душанбе           

Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Алтернатива» минбаъд «Истеҳсолкунанда» дар шахсияти Директор Алламуратов Алишер, ки дар асоси Оиннома амал мекунад аз як тараф ва ___________________________________минбаъд «Фармоишгар» дар шахсияти ________________________________________________, ки дар асоси Оиннома амал мекунад аз тарафи дигар  дар хусуси ин шартномаи мазкурро бастанд:

 

  1. Мавзўи шартнома
  • “Истеҳсолкунанда” ўҳдадор аст бо супориши “Фармоишгар”, ки маснуоти дар банди 1.2. Шартномаи мазкур дарҷ шудааст, тайёр намояд, “Фармоишгар” ўҳдадор аст маснуоти зикргардидаро қабул намояд ва саривақт пардохти онро бо шартҳои шартномаи мазкур ба амал барорад.
  • Мавзўи шартнома тайёр намудани мўҳр ва штампҳои давра ва сирешими бо дархост ва ангораи (эскизи) “Фармоишгар”.
  • Номгўи маснуот ва нархҳои он мутобиқи замимаи №1 қисми ҷудонашавандаи шартномаи мазкур мебошад, муқаррар карда мешавад.
  1. Сифати маснуот

2.1. Сифати маснуотҳои таъминшаванда бояд ба талаботҳои стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ мутобиқат намояд.

2.2. Дар ҳолати номутобиқати сифати маснуот ба талаботҳои стандартҳои давлатӣ “Истеҳсолкунанда” ўҳдадор аст аз ҳисоби худ норасогиҳоро бартараф намояд.

  1. Нарх ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ

3.1. Нархи шартнома _______ (__________________) сомониро ташкил медиҳад.

3.2. Ҳамаи тағйиротҳо вобаста ба нарх танҳо бо розигии Тарафҳо иҷозат дода мешавад.

3.3.  Маблағи партияи маснуотҳои таъминшаванда мутобиқи замима ба шартномаи мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи банди 1.3. муайян карда мешавад.

3.4. “Фармоишгар” дар мўҳлати 10 рўз аз лаҳзаи таъмини маснуот пардохти маблағи онро бо роҳи гузаронидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби “Истеҳсолкунанда” ба амал мебарорад.

  1. Доду гирифти маснуот

4.1 Ҳангоми қабули маснуот “Фармоишгар” мутобиқати онҳоро бо маълумотҳое, ки дар дархост вобаста ба номгузорӣ, шумора ва сифат дарҷ гардидаанд, месанҷад.

4.2. Дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳо ҳангоми қабул “Истеҳсолкунанда” ўҳдадор аст камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.

4.3. “Истеҳсолкунанда” маҳсулоти тайёрро ба “Фармоишгар” дар муддати 5 (панҷ) рўз пешниҳод менамояд. 

  1. Ҷавобгарии тарафҳо

5.1. “Истеҳсолкунанда” барои сифати маснуот ҷавобгар мебошад.

5.2. “Фармоишгар” барои саривақт пардохт намудани маснуотҳои таъминшаванда ҷавобгар мебошад.

5.3. Ҷавобгарии тарафҳо, ки дар шартномаи мазкур пешбинӣ шудааст, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

  1. Тартиби ҳалли баҳсҳо

6.1. Баҳсҳо ва нофаҳмиҳо, ки ҳангоми иҷрои шартномаи мазкур метавонанд ба вуҷуд ояд, аз рўи имконият бо роҳи гуфтушуниди байни тарафҳо ҳал карда мешавад.

6.2. Дар ҳолати бо роҳи гуфтушунид ҳал нашудани баҳсҳо,  тарафҳо баъд аз ба амал баровардани расмиёти пеш аз судии танзими нофаҳмиҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, онро барои баррасӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе пешниҳод менамоянд.

  1. Шартҳои ғайр

7.1. Шартномаи мазкур аз лаҳзаи имзои Тарафҳо қувваи қонунӣ пайдо карда, то иҷрои ўҳдадориҳо аз тарафи онҳо мавриди амал қарор дода мешавад.

7.2. Тамоми тағйироту иловаҳо ба шартномаи мазкур бояд дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад ва аз ҷониби Тарафҳо имзо гузошта шавад.

7.3. Асоси бекор ва қатъгардии шартномаи мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.

7.4. Шартномаи мазкур дар ду нусха – як нусхагӣ ба Тарафҳо тартиб дода шудааст.

7.5. Ҳуқуқи талаб кардан вобаста ба шартномаи мазкур метавонанд ба шахсони сеюми як Тараф танҳо бо розигии хаттии Тарафи дигар дода шавад.

  1. Нишони Тарафҳо

“Фармоишгар” 

____________________________

с/ҳ _________________________

с/к _________________________

(мфо) _______________________

РМА ________________________

_____________________________

_____________________________

 

Директор ___________

 

“Истеҳсолкунанда”

 

ҶДММ “АЛТЕРНАТИВА ТЧ”

ш. Душанбе, к. Турсунзода 25

РМА 020035709

с/ҳ 20202972200000000351

с/к 20402972917841

(мфо) 350101784

ҶСП “Фононбонк”

 

Директор _________Алламуротов А.Ю.

 

 

 

 

 

Комментарии