Мулло

Мулло

Мулло  аз калимаи арабии « مُلَّا‎‎ » гирифта шуда маънояш Ҷаноб, Ҳоким, Роҳбар, Султон ва ё Фармонфарморо дорад. Мулло истилоҳи дар кишварҳое, ки дар он дини Ислом ҳамчун фарҳанги мардумӣ қабул шудааст маълуму машҳур аст. Муллоро дар Ислом чун шахси донишманди диннӣ мешуморанд.

Дар кишварҳои Осиёи миёна ва Қафқоз зери мафҳуми Мулло наферо меноманд, ки ба сифати Имоми масҷид баромад менамояд.  Мулло ба ҳайати рӯхонии мусалмонон дохил мешаваду вале дар рутбаи пастарин қарор дорад ва барои Мулло будан зарурияти пурра донистани фиқҳ ва ё доштани таҳсили исломӣ, шарт нест.

Аз рутбаи Мулло болотар Имом аст ва ӯ ҳуқуқи пешсаф будан дар хондани Намози ҷумъа дорад.   Мулло бошад танҳо дар намозҳои 5-вақтаи ҳаррӯза ё чорабиниҳои дафни ҳамчун роҳбар буда метавонад.  Инчунин гуфт, ки намози идона ва ҷумъаро Мулло ба роҳбарӣ гирифта хонда наметавонад.

Муллоро дар масъалаҳои оиладорӣ (никоҳи исломӣ) мардум метавонанд ҷалб намоянд ва ӯро дар гузаронидани ифтору хатми Қуръон даъват намоянд.  Барои ҳамин ҳам Мулло бояд баъзеи сураҳои Қуронро азёду дуруст донад. Барои ин саводи хуб доштан лозим аст, ки сураҳоро дуруст талафуз намояд.

Дар Қафқоз байни туркҳои сунимазҳаб рутбаи Мулло-афандӣ  ва байни шиаиҳо «Мулло-аҳунд» мавҷуд аст, ки мартабаи онро ба Шайх баробар намудаанд.

Мулло гуфтагиш чияй? Мулло кист? Вазифаҳои мулло аз чӣ иборат?

Дар Тоҷикистон барои Мулло будан зарурияти ариза ба Сохтори марбутаи давлат равона намуда мешавад ва дар ҳолати пазируфтани ариза марди илмдори мусалмон метавонад ба сифтаи Мулло расман эътироф шавад. Лек мардуми Тоҷикистон метавонанд дилхоҳ карсро ба сифти Мулло номгирӣ намоянд, ки дар асл онҳо расман Мулло нестанд. Дар баробари ин гуфт, ки ба сифати муллои тоҷикистон аз нафароне, ки илми ғайри мазҳабии Имоми Аъзамро доранд қабул карда намешавад. Солҳои шуъравӣ Мулло будан аз тарафи давлат чандон дахолат карда намешуд, лек имрузҳо муллоҳо дар руихатти махсусанду баъзеашон ҳатто маош мегиранд (аз 2014 сол инҷониб).

Бо сабаби он, ки баъзеи нафарон доимо намоз мехонанду ба корҳову суханҳои ноҷо сабабгор мешаванд обруи муллоҳоро мефароранд ва барои ҳамин ҳам баъзеи тоҷикон Мулло ҳамчун шахси чандон нопок мешуморанд.

Худ шумо ҳоло метавонед, ки дар шабакаи интерент як қатор муллоҳоро, ки ба корҳои хато даст задаанд бубинед. Ба андешаи баъзеи мутафакирон чунин видеоҳое ки дар интерент оиди мулоҳои бадахлоқ гузошта шудаанд чандон заминаи ҳақиқат надоранд мегуяд ва тахмин менамоянд ки ин маводҳо аз ҷониби ашхоси муаяне, махсусан омода карда шудаанду сабаби бад кардани дини ислому намояндаҳои диниро доранд, ки ононро рақиби худ медонанд.

Видео оиди Муллохои зинокор (гуё!!)

 

 

Комментарии