КафолатБонк

logo_kafolatbank

Логотип

КафолатБонк яке аз бонкҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда. Аниқтарараш ин бонки мардуми эронӣ буда соли 2008 дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтааст ва қисми зиёди саҳмияҳо дар дасти мардуми Ирон ва каме дар дасти мардуми Тоҷикистон мебошад. Кафолатбонк шаклҳои гуногуни хизматрасонӣро пешниҳод менамояд, аз ҷумла: қарз, амонат-пасандоз, мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳо ва ғайраҳо.

Ҳарчанде, ки Кафолатбонк барои аҳолии Тоҷикистон пешниҳоди хизматрасониҳоро амалӣ намояд, ҳам вале дар асл бо мақсади интиқол кардани воситаҳои пулии мардуми Ирон нигаронида шудааст. Ин бар он асос аст, ки ИМА ва як қатор давлатҳои ғарб нисбати Эрон таҳримҳои гуногун гузоштаанд.

Кафолатбонк чандон калон нест вале як филиал дар шаҳри Душанбе дорад. Андозаи тарофа-нархҳои хизматрасонӣ менамудаи КафолатБонк нисбати дигар бонкҳои кишвар аз нуқтаи назари амонат паст буда вале аз ҷиҳати қарз баробари онҳо қариб, ки аст. Ҳоло Бонк дар маркази шаҳри Душанбе бо бастаи кории тақрибан 100 нафар дар ошёнаи якуми бинои 3-ошёнаи дар иҷорагирфита фаъолият менамояд.

Здание Головного офиса Кафолатбанк

Бинои асосии Кафолатбонк

Суроғаи Саридораи КафолатБонк: 

Кучаи Академик Раҷабовҳо 4/1, (Назди Ваз.Молия).
Телефонҳо: (+992 ) 44 640 22 66;  227 86 86;  44 600 88 37;
Факс: 44 640 22 66.
Почтаи электронӣ: kafolat@kafolatbank.tj
Рузҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Соатҳои корӣ: 08:00 – 17:00

Филиал дар кучаи Неъмат Қарабоев 89/4,
Телефонҳо: (+992 44) 600 88 39,  600-88-40.
ПЭ: t_salimova@kafolatbank.tj

Ҷойи Кафолатбонк дар Харитаи Ҷаҳон

Комментарии