Вакти намоз

Намоз асосан ҳар шабонарӯз дар 5 вақт хонда мешавад. Намоз яке аз панҷ сутунҳои дини ислом мебошад ва хондани он барои ҳар як мусалмон ҳатмӣ аст.

vaqti_namoz

  1. Намози аввалин ки номи «Намози Бомдод»-ро дорад, вақти хонданаш аз дамидани субҳи содиқ то  баромадани офтоб мебошад. Дар намози бомдод  2 какаъат суннат ва 2 какъат фарз хонда мешавад. Ҳеҷ гоҳ хондани намози бомдод дар шаб, муддати баромадани  офтоб ва ё пас аз баромадани офтоб қобили қабул нест.
  2. Вақти намози пешин баргаштани офтоб аз нуқтаи қиём, аз гаштани соя то расидани сояи ҳар чиз дучанди ҳамон чиз ва то даромадани вақти «Намози Аср». Дар намози пешин 4 ракаъат суннат, 4 ракаъат фарз ва 2 ракъат суннат хонда мешавад.  Ба таври дигар гуем вақти намози пешин ин дар нисфирӯзӣ мебошад, вале ҳолати офтоб дар ҳолати пас аз қиём бояд бошад.
  3. Вақти намози ъаср – аз қазо шудани намози пешин, то фурӯ рафтани офтоб тахминан ду соат пеш аз вақти намози шом хонда мешавад. Дар вақти намози ъаср 4 ракъат фарз хонда мешавад;
  4. Вақти намози шом аз фурӯ рафтани офтоб то ғоиб шудани шафақи сурх. Дар намози шом 3 ракаъат фарз ва ва 2 ракаъат суннат хонда мешавад.
  5. Вақти намози хуфтан баъд аз ғоиб шудани шафақи сурх то дамидани субҳ, то даромадани намози бомдод хонда мешавад. Вақти намози витри воҷиб ҳамин вақт аст. Дар хуфтан 4 ракаъат фарз, 2 ракаъат суннат ва 3 ракаъат витри воҷиб хонда мешавад.

 

Комментарии