Суханхои бехтарин дар олам

Бузургони дунёБо мақсади баланд кардани руҳи инсонӣ ва бештар аз худ кардани дониши пешқадами бузургон дар саҳифаи мазкур суханҳои шахсони баруманди халқиятҳои гуногуни мардуми дунё гирд оварда шудааст, ки метавонед бо онҳо шинос шавед ва ин пандҳоро ба дигарон низ ирсол намоед.

Дар қатори Бузургони дунё Паёмбарон, Файласуфон, Шоирон, Роҳбарон, Олимон, Муаллимон, Нависандаҳо, Тоҷирон, Кордонон, Ҳакимон, Ҷаҳондидагон, Пурҳунармандон ва дигар шахсони баруманди дунёдидаву кордида омадаанд.

1. Беҳтарин шахс онест, ки нисбати оилааш муносибаи хуб менамояд.

Паёмбар Муҳаммад (САВ).


2. Бахшидан назар ба амали ҷазодиҳӣ амали мардонагист!   

Ганди (Қаҳрамони халқи Ҳинд)


3. То мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Абдураҳмони Ҷомӣ (Шоири Тоҷикон)


4. Он кореро интихоб кунед, ки ба дилатон маақул бошад ва шумо дар ҳаёт ягон руз кор нахоҳед кард.    

Канфусий (Файласуфи Чиннӣ)

5. Нокомӣ ин шароит барои аз сари нав оғоз кардани кор аст! Лек ин дафъа оқилона.

Генри Форд (Тоҷири Амрикоӣ)


6. Агар мушкилӣ ҳалнашаванда бошад пас ғам хурдан лозим не! Лек агар ҳалмешуда бошад пас умуман ғусса чи лозим.

Далай Лама (Файласуфи Чиннӣ)


7. Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, Ки мрўз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Абулқосим Лоҳутӣ (Шоири Форсу Тоҷик)


8. Қабл ман мегуфтам ки «Ё насиб ҳамааш хуб мешавад», вале акнун фаҳмидам ки ман худ бояд хуб шавам.

Ҷим Рон (Роҳбари Амрикоӣ)


9. Шахсоне ки китоб мехонанд, аз болои ашхоси телевизортамошокун роҳбарӣ менамоянд. 

Жанлис Фелиция (Нависандаи Фаронсавӣ)


10. Кореро имрўз иҷро намо, ки онро дигарон намехоҳанд ва пагоҳ ту ҳамчунин зиндагонӣ хоҳӣ кард, ки дигарон мисли ту наметавонанд.

Ҷаред Лето (Ҳунарманди Амрикоӣ)

-

Комментарии