Стихи на таджикском языке

Таджикские стихи или стихотворение, написанной на таджикском языке имеют глубокий смысл, трогательные слова и тысячелетнею историю. Тут приведены таджикские стихи с переводом на русском языке, затрагивающие различные жизненные темы. Вы встретите тут таджикские стихотворение от классических поэтов, древних народных до современных и уличных произведений.

 

Фотоа Таджикского поэта в средних веках

Картинка Таджикского поэта в средних веках

Суруди милли Тоҷикистон Гимн Таджикистана (перевод на русский язык)
Диёри арҷманди мо, Наша любимая страна,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод, Мы рады видеть твою гордость.
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод. Пусть твое счастье и благополучие будет всегда.
Зи дурии замонаҳо расидаем, Мы шли к этому дню с древних времен,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем. Мы стоим под твоим флагом.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Да здравствует моя Родина, мой свободный Таджикистан!
Барои нангу номи мо Наша честь и достоинство,
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ, Ты символ надежды наших предков
Ту баҳри ворисон ҷахони ҷовидонаӣ, Ты вечный мир для сыновей твоих,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту, Твоя весна никогда не закончится,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту. Мы по-прежнему верны тебе.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Да здравствует моя Родина, мой свободный Таджикистан!
Ту модари ягонаӣ, Ты мать для всех нас,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо, Твое будущее это наше будущее,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо, Твой смысл, смысл нашей души и тела,
Зи ту саодати абад насиби мост, Ты всегда даешь нам вечной счастье,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост. Благодаря тебе, мы любим мир, мы любим мир!
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Да здравствует моя Родина, мой свободный Таджикистан!

Таджикские философические стихи (Омар Хаям)

Асрори азалро на тудониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хонниву на ман,
Ҳаст аз паси парда гуфтугуи ману ту,
Чун парда биафтад, на ту мониву на ман.

Гар як нафасат зи зиндагони гузрад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмони гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузарони гузарад.

Онон ки куҳан буданду онон ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд,
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.

Ё раб, ту гилам сириштаи ман чи кунам?!
Пашму қасабам ту риштаи ман чикунам?!
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман набиштаи ман чи кунам.

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор ки маълум нашуда,
Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу руз,
Маълумам шуда, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Барзезу махур ғами ҷаҳон гузарон,
Биншину даме бо шодмонӣ гузарон,
Дар табъи замона гар вафое будӣ,
Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон.

Афсус ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд,
Он мурғи тараб, ки номи  буд шабоб,
Афсус надонам, ки кай омадау кай дай шуд.

Стихотворение в честь Матерей на Таджикском языке

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.
Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.
Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.
Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шӯълаи нигоҳи толеънамои модар.
Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад
Аз чор самти дунё ояд садои модар.
Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.
Фарзандони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.
Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.

Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.
Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.
Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?

******
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони беканори ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.

*****

Модариҷон чашму абрӯи туро пазмон шудам,
Аз дуриҳо шӯълаи рӯи туро пазмон шудам.
Хоб мекардам ба роҳат дар сари зонуи ту,
Дуру марҷон мондаву зонуи туро пазмон шудам.

Фарзанд давоми умри инсон бошад,
Нерӯи дилу ҳаловати ҷон бошад.
Модар чу дарахтест дар ин боғи ҷахон,
Бигзор ки мевааш фаровон бошад.

****
Модар модаро ганҷи бебаҳоям ту будӣ
Зи ҳар офату бало роҳи раҳоям ту будӣ
Ҳар қатраи шири ту дарёи беканорам шуд
Ҳар лавзи ширинат боми ду ҷаҳонам шуд
Аллаҳои шабҳо гуфта ҳам қиссаи ширинат
Аз чашмам наравад ҳеҷ шабҳои бедориат
Модар бишав аз ман ризо ба амри парвардигор
Монда буди як рӯза ин писарро ту Ёдгор
Сари қабрат омадам бо ду зону нишастам
Ту зери хокию ман рози худ бигуфтам
Ба ҷой овард хоҳишатро он хоҳарат ай модар
Ба ҷойи ту модар шуд ба ҷонам буд баробар
Қадри бемодари надоштам то он ки холаам буд
Қадрдону меҳрубон ба ҷои модарам буд
Ту ҳам рафти холаҷон холи ҷойи модар шуд
Дунё ҳама торик бар пеши назар шуд

*******
Аё модар туи бахти ҷавонам
Аё модар туи тахти равонам
Туи дард ошнову меҳрубонам
Ҳамеша бо ту бошам бо ту монам
Муборак модари ҷон рӯзи идат
Муборак бод ҳар субҳи саидат.
Туи модар нигини зарҳали ман
Ту ҳам болини ҳам бистари ман
Надорам аз ту модар рози пинҳон
Ҳамеша ғамгусори дар бари ман
Муборак модари ҷон рӯзи идат
Муборак бод ҳар субҳи саидат.
Аё модар нидои туст бар ҳақ
Аё модар ризои туст бар ҳақ
Бароят тӯҳфа аст ин шеъри садбарг
Ки ҷаннат зери пои туст бар ҳақ.
Муборак модараи ҷон рӯзи идат
Муборак бод ҳар субҳи саидат.

***
Оча очае ба рӯят зорам очае,
Дар мулки ғарибиҳо чи хорум очае,
Сад сол гузара ба қадри меҳрат нарасам,
Бархезу бубин, ки бар чи ҳолум очае.

Очам ба дара, руймоли очам ба дара,
Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара,
Як лаҳзае сар ба рӯи зонуш монум,
Дилум бигира қарор, хобум бибара.

Э очаи ҷон шири ҳалолата бубахш,
Шабҳои нахобидаи бедорта бубахш,
Ман дар ғами ишқ зи ҳолат мондам бехабар,
Фарзанди ба дарди ишқ беморта бубахш.

***
Зиндагони лазаташ дар ибтидою интиҳост,
Ё лаҳад ҷои фароғат ё канори модараст.

Ду биҳиште доштам, дар рӯзгори хештан,
Батни модар он якеву дигаре домони ӯ.

Модар, модар, ба ҷон баробар модар,
Хуршеди сабоҳи меҳрпарвар модар.
Хуршеде, ки ҳар саҳар барояд ба ҷаҳон,
Аз боиси ман доду қайсар модар.

Диле дорам, ки навкар мешавам ман,
Асири пои модар мешавам ман.
Агар модар ба фарзанди нагирад,
Дар ин олам қаландар мешавам ман.

Биҳиште доштам эй дил даме дар домани модар,
Фурӯзон гаштаам эй дил зи чашми равшани модар.

***

Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан,
То наафтад, дошт ӯ аз домани ту.
То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо,
Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту.

Боз медорад зи домони ту, модар,
Гарчӣ акнун гурзбардоранд ӯро дастҳо.
Гарчӣ натвонӣ ту акнун роҳ гаштан по ба пояш,
Гарчӣ натвонӣ шуморидан қадаммонии ӯро.

Боз медорад зи домони ту, модар,
Кӯдаки бо ранҷҳо, бехобиҳо парвардаи ту.
Кӯдаке, ки як замоне чорпоя роҳ мерафт,
Ин замон соҳиб шуда бар зиндаю бар мурдаи ту.

Боз медорад зи домони ту, модар,
То нагирад доманат аз дасти ӯ дасти хатар…

Стихи про любви на Таджикском (Шеъри ошиқи)

Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун 
Ин қадар беҳуда дилтангам макун .
Гашта -гашта дар сафар боз омадам 
Боз бар наздат ба парвоз  омадам 
Ҳар куҷое хоб кардам хестам 
Ҳар куҷое буд ҷои зистам
Ин дили ман, манзили ёди ту буд 
Ёди руи хусободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулуям об ҳам 
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту як рузи ман як сол шуд.
Бе ту дил гашт кард чун атвол шуд .
Бе ту дидам гарчи зебо  духтарон .
Бе ту бишнидам суруди ошиқон 
Бе ту дар тую тамошоҳо шудам 
Бе ту ман булбули гуё шудам 
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан 
Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан .
Лек дар пеши назар руи ту буд
Чилваҳои чашми абруи ту буд..
ҶОНИ ШИРИН ПАС ДИГАР ҶАНГАМ МАКУН 
ИНҚАДАР БЕҲУДА ДИЛТАНГАМ МАКУНН

Ман хешро ҳанӯз ба хуби надидаам,
Ҳарчанд то ба кӯи балоғат расидаам.
Ман мастам ончунон зи майи ноби Мавлавӣ,
Себе зи боғи шоири аммо начидаам.
Бар қоғази сапеди суханҳои ман нигар,
Тасвири шеьру шоириямро кашидаам.
Дар пушти пардаҳои сукутофарини шаб,
Таьми лабони талхи ҷудои чашидаам.
Ман бо умеди дидани як субҳи интизор,
Пирохҳани шабони сияҳро даридаам.
Дар пушти кӯҳи фосила мехонадам касе,
Акнун садои даьвати ӯро шунидаам.
Ин батни хома холи шуд аз бас фишурдамаш,
Аммо ба ҷойи хома ман худро чакидаам.
Эй шеьр чун ту ойинаи ҳастии мани,
Ойинавор бош, туро баргузидаам.

Азизам ҳарчи кардӣ ман накардам,
Зади оташ ба ҷонам дард накардам.
Зади оташ миёни дӯсту душман,
Ҷудоиро ту кардӣ ман накардам.

**************************

Вақте, ки Худо тан офарид,
Аз барги гул зан офарид.
Эҳсоси ошиқ шуданро,
Ба хотири мард офарид.

**************************

Ҷавони ин баҳори умри одам,
Ҷавони бигзарад ба шодию ғам,

**************************

Фаромуш кун симоямро,
Ҳама меҳру вафоямро.
Наёри бар забони хеш,
Ки ман ёри ту будам пеш.

**************************

То нима шабҳо эй моҳутобам,
Кунам туро ёд эй ёри ҷонам.

Ду дидaам дар раҳат поянда гаштаст,
Ду дастам бар дуо бардошта гаштаст.
Ду поям бе танам сӯят шитобад,
Дилам андар фироқат ашк борад.

************************

Хумори хандаат ояд шабу рӯз,
Дилам бечоратар гардад рӯз аз рӯз.
Дилам хоҳад садои ширини ту,
Ду чашмам зори рухсори гули ту,
Гуло то кай намеои ба пешам,
Ман аз дурии ту бишкаста гаштам.
Дило! Ҷоно! биё наздам биё тез!
Ки ман сабре надорам то хазонрез!

************************

Шабе аз сӯзи дил гуфтам қаламро
Биё таҳлил кун дарди диламро
Қалам гуфто: Бирав бечора ошиқ
Надорам тоқати ин гуна ғамро

Ҳамеша ёди рӯят мекунам ман.
Ту гул ҳастиву буят мекунам ман.
Агар сад ёри ҷони дошта бошӣ,
Фидои тори муят мекунам ман.

**************************

Вақти рафтан ҷои зистан ёди рӯят мекунам
Баҳри дидан бори охир орзуят мекунам
Гар расад рӯзи қиёмат сар бурун орам зи хок
Бар умеди гуфтугӯят ҷустучӯят мекунам

**************************
Ман намегӯям ки маро дӯст дор
Ман намегӯям шав ба роҳам интизор
Аз хиёбон то ба чашми одамон
Ман намегӯям қадам бар ман гузор.
Номи некӯи ту бас бошад маро
Ёди дилҷӯи ту бас бошад маро
Зинда бошӣ гоҳ-гоҳ аз дур ҳам
Дидани рӯи ту бас бошад маро

Нигоҳат мекунам нигоҳ надорӣ.
Ошиқат манам парво надорӣ.
Ошиқ ба туӣ бепарво шудам,
Дар ишқи ту месузаму хабар надорӣ.

***************************

Овози туро зи сад ҷаҳон мешунавам.
Бо гӯшу дилу гӯши ҷон мешунавам.
Овози ту гар зи боғи гулҳо ояд,
Аз байти садои булбулон мешунавам.

**************************

Аз куча гузар ман аз барои ту кунам.
Назарро ба чашмони сиёҳи ту кунам.
Дидам,ки миёни сад кас нишастаи,
Сад касро салом ман аз барои ту кунам.

*************************

Садои ту садои нозу роз аст,
Аҷиб аст, пурнаво аст, ҳамчу соз аст.
Даво аст баҳри дардҳо байни шабҳо,
Ором аст мисли баргҳо дар саҳарҳо
Хумори манзили кӯи ту дорам.
Умеди дидани рӯи ту дорам .
Сари андешаам аз рӯи дастат,
Хумори рӯи зонуи ту дорам.

***********************

Суруди нотамоми ман туи ту.
Ҳаёти бардавоми ман туи ту.
Ба гардуни хаёлам эй азизам,
Ҳамеша моҳи тобонам туи ту.

***********************

Ғам махур ошиқ, ки ғамхорат манам.
Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам.
Гар надори рӯз ту парвои ман,
Шаб биё эй ёри шаб ёрат манам

***********************

Хусни ту саргарми савдои дилам бошад,
Азоби меҳри ту дар мавҷи дарёи дилам бошад.
Дигар асло намехоҳам касеро ман ба ғайр аз ту,
Илоҳо меҳри ту оғозу анҷоми дилам бошад.

Навои ишқи мо ноҷур монад,
Чароғи бахти мо бенур монад.
Надонистем қадри якдигарро,
Ду дасти мо бурун аз гӯр монад.
****************************
Ба пеши рӯ фақат рӯи ту бинам.
Фақат ёди ту ояд бар сари ман.
Дарин мулки калон ҳар ҷо,ки боши,
Суроғат мекунам эй ******* ман.

****************************
Баҳорамро зимистон карда рафтӣ.
Ҳаётамро шабистон карда рафтӣ.
Ҳаётам бо ту буд ширину рангин
Чаро онро ғамистон карда рафтӣ.

****************************
Намегӯям ту хушрӯи азизам,
Намегӯям ту дилҷӯи азизам.
Фақат ман як сухан дорам,
Туро ман дӯст медорам.
****************************
Тоҷикдухтар,чи гуна чашмон дорӣ,

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи ғам парво надори.
Туро ман бар Худо меспорам имшаб.

************************

Туро бар сина ҷо кардам ба ҷонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди Худо ҳофиз.
Ало ай раҳнамои дил маро афканда пой бар гил.
Раҳи худро дигар карди Худо ҳофиз.

**************************

Тарки ёрӣ кардиву ман ҳамчунон ёрам туро.
Душмани ҷониву аз ҷон дусттар дорам туро.
Гар ба сад хори ҷафо озурда сози хотирам.
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
*******************************
То ту ба додам мерасӣ, оҳам ба кайвон мерасад,
То ту ба қадрам мерасӣ, умрам ба поён мерасад.
То ёри роҳам мешавӣ, аз роҳ берун мешавам,
То мушкил осон мекунӣ, сад марги осон мерасад.
То ёд меорӣ зи ман, бе ёд меафтам зи дард,

******************************

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар.
Қурбони туам, вале ту қурбони дигар.

Чун ноз кунӣ, ба ҷону дил мақбулам,
Ҷонони манӣ, вале ту аз они дигар.

Бо ёди ту шаб, рӯз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

*******************************

Имшаби ман боз бе оғӯши ту,
Андар оғӯши садоқат мурд, мурд.
Ишқи ман ҷовид бимонад, то абад,
Меҳри ту андар хиёнат мурд, мурд.

*****************************

Менависам бар китоби чашми ту.
Бо қаламҳои нигоҳи гарми хеш.
Беҳ зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят қалби реш.

***********************
Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,
Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

*****************************
Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

*****************************
Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшӣ накҳате дар бистари ӯ аз висол,
Ёд овар, дар ҷудоиҳо ба фурқат мурданам.

*******************************

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рӯзе бусаҳои дигаре.
Зиндагӣ бо созҳояш, сӯзҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

**************************

Чашм то барҳам задам, умрам зи сӣ бигзаштааст,
Гарчӣ дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рӯзҳо то пайки шом.

*******************************

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Ҷуз Худо дар ин ҷаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Эҳсоси ишқи сабз

Ассалом эй ишқи поки ҷони ман,
Дуруди бепоён бар булбули хушхони ман.
Ман ошиқи танҳо туям эй ҷони ман,
Ошиқи дигар шавам бимирам ҷону ҷонони ман.

************************

Он абрӯву ҷамоле, ки турост,
Он суханони ширине, ки турост.
Чун бингарам бар дигарон наёбам
Ҳеҷ, он зебоие, ки мисли турост.

************************

Он касе, ки ман хоҳам ту боши,
Он касе, ки ман дуст дорам ту боши,
Дар ин дунё ҳар чи хоҳад дили ман,
Он касе, ки хоҳад дили ман ту боши.

************************

Ҳар гаҳ, ки туро бинам дилам гуяд ишқ,
Номат бар забон орам дилам гуяд ишқ.
Ҳар шому саҳар дар фикри туям ман,
Дар куҷое, ки набошам дилам гуяд ишқ.

************************

Ман мехонам барои шумоён эй дӯстон,
Ман мехонам барои шумоён эй ошиқон.
Барои хурсандии шумоён эй Тоҷикон.
Ишқи худро мегӯям бар шумо эй рафиқон.
Ман ошиқаму ошиқ хоҳам буд ҳамеша,
Бо ишқи худ созам, ошиқ шуморо эй азизон.
Гӯш кунед ин ишқрову халоват баред,
Якҷоя бо маҳбубатон даст ба қарсақ баред.

************************

Зиндаги бе ишқ ба ман чи бошад?
Зиндаги бе ҷони ширин чи бошад?
Гар ҳазор сол умр бинам ман,
Зиндаги бе ёри ҷонон чи бошад?

************************

Ман ошиқи туям, ту хабар надори,
Дар ҷустуҷӯи туям, ту хабар надори.
Ҳар шабу ҳар рӯз дар фикри туям ман,
Охир дилдодаи туям, ту хабар надори.

************************

Мардум аз суханони ту ба ханда оянд,
Ошиқон аз нигохи ту ба ханда оянд.
Ҳар кас ки ба чеҳраи хандонат бингарад,
Дар гиря бошанд ҳам ба ханда оянд.

************************

Шеъри ман барои туст эй _____________,
Ишқи ман барои туст эй _____________.
Гар ту дӯст дори маро аз таҳти дил,
Ҷони ман фидои туст эй _____________.

************************

Ҳамчун ту ман дигар ёр надорам,
Ошиқи туяму бар дигар кор надорам.
Туро меҷӯяму ҳамеша фикрам бо туст,
Монанди ту гули зебои бехор надорам.

Стихотворение о Новом году (Соли нав)

Соли нав омад,
Шоду ғазалхон,
Табрик созем,
Онро рафиқон,
Имруз рузӣ,
Якуми январ,
Рузи муборак,
Рузи мунавар.

Стихи для Гулбазма

Гул дар болои машина,
Ман туро дидам дина,
Шудам ошикат бобуна,
Карди сарма девона

Прочие стихи про гулбазм  >>>

Ману ту
Дар ҷаҳон гӯшаву каноре нест,
Ки надонанд номи Ленинро!
Одами бошууру солим нест,
Ки надонад каломи Лелинро
Аз китобаш муборизони ҳаёт,
Машъали роҳи хеш меҷӯянд !
Дар диёрам зи ҳар касе пурсӣ
Кист Ленин !
Ману ту ! — мегуяд
Ману Ту Ленинему мефахрем
Ки сазовори номи ӯ ҳастем
Дар ҷаҳони бузург мо масьул
Баҳри кору мароми ӯ ҳастем !
Ҷӯробҳои гулдор.

*******
Зочаҷони ширинам
Туро ман мебинам
Ашӯлае хонат
Ашӯлаам чунин аст
Бишнав ки вае ширин аст
Торикшуд шуд биёбон
Ситораҳо дурахшон
Дар ҳама ҷо аллакай
Хобидаанд бачагон
Хоб кун.
Хоб кун
Зочаҷон !
Аммо ман хоҳари ту
Мешинам бар сари ту
Мебофам аз бароят
Ҷӯробчаҳои хушрӯ.
Хоб кун
Зочаҷон !

Стихи про навруз на Таджикском >>>>

Муборак бод Наврӯз бар тоҷику бар тоҷикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ,
Расидем боз бар Навруз, ба соли нав, ба рӯзи нав,
Дар ин дунёи бераҳму дар ин дунёи сарсонӣ,
Илоҳо Иди Навруз чун сарҳаде бошад ба самти нек,
Орову тор бахшад бар ҳаёти ҳар яки Шумо,
Руҳи болидаву ҳам шодӣ бахшад иди осмонӣ.
Намо бахшад, наво бахшад, ба ҳар қалбе даво бахшад,
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонӣ.
Муборак Рузи Нав ай тоҷику, ай тоҷикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ!

Матни сурудхои точикиро инчунин дар сахифаи http://media.ansor.info/ метавонед дарёбед

Комментарии