Радио озоди

Радио Озоди Лого

Радио Озоди Лого

Радиои Озодӣ, ки ҳамчун Радиои озодии Аврупоӣ ё худ «РАО/РО» низ номгирӣ мешавад соли 1958 ифтитоҳ ёфта, яке аз ташкилоти мустақили Иёлоти Мутаҳидаи Амрико буда тариқи порлумони мамолики номбаршуда пайваста дастгирии молиявӣ мебинад.

Радиои Озодӣ ба 28 забон дар манотиқи давлатҳои Аврупо, Руссияи Федеративӣ, Қафқоз ва Осиёи миёна (21-кишвар) мавҷҳои худро ба шунавандагонаш пахш мегардонад, ки шумораи онҳо зиёда аз 50 млн. нафар мебошанд. Мақсади асосии ташкили Радиои Озодӣ ин паҳн кардани қадрҳои демократия ва ҷамъияти шаҳрвандӣ  дар мамоликҳое ки дар онҳо озодии  васоити ахбори омма маҳдуд ва ё маҳкум карда шудаанд.

Хабархои радиои озоди бо видео дар Точикистон.

Рӯзноманигорони Радиои Озодӣ ба мизоҷони худ он ахборҳое мерасонанд, ки дастрасии онҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар мавқуф гузошта шудаанд ва онҳоро шумо аз васоити ахбори маҳаллӣ дарёфт карда наметавонед. Ахбори Озоди ин ховари ғайри назорат қарорёфта бо далелу баҳсҳояш мебошад.

Ташкилот умуман дар як ҳафта зиёда аз як ҳазор соат барнома ва ҳамарӯза итиллооти ҷадидӣ асосдоштаро манзури мизоҷони худ мегардонад. Бинои асосии пахшкунандаи хабарҳо дар шаҳри Прагаи пойтахти Ҷумҳурии Чех ва маркази идораи РАО/РО дар ш. Вашингтони ИМА қарор дорад.

Тамос бо кормандони Радиои Озодӣ:

  • (+992) 988 65 94 63
  • (+992) 988 65 94 64
  • (+992) 985 63 83 56

Радиои Озодӣ садои Шуморо мешунавад! Занг занед! SMS фиристед! Агар сухане, назаре ё хабаре дошта бошед, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед.

Соҷидаи Мирзо  djakhfarovas@rferl.org

Мақсадҳои Радиои Озодӣ

РАО/РО ба тавсифӣ ҳаёти ҳаррӯзаи минтақаҳои нашароти худ аҳамияти хоса медиҳад. Ҳадафи РО ин расондани иттилои дақиқ ва мутавозин ба шунавандагонаш аст.

Бинобар сабаби он ки аввалин қадам ба тарафи демократия дастрасии мхалқ ба ахборот маҳсуб мегардад, РАО  расидан ба мақсадҳои зер аз авлавиятҳои худ меҳисобад.

  1. Пешниҳоди ахбор, таҳлил ва баҳсҳои мутавозин ва дақиқ дар мавзӯъоти маҳалливу минтақавӣ, ки барои демократия ва гузариш ба иқтисоди озод лозим аст.
  2. Тақвияти ҷамъияти шаҳрвандӣ тавассути бозтоби арзишҳои демократӣ.
  3. Мубориза бо таҳаммулнопазирии қавмӣ ва мазҳабӣ ва кӯмак ба рушди тафоҳум миёни шахсиятҳо.
  4. Намунаи ибрат будан барои расонаҳои маҳаллӣ, мусоидат ба рушди маҳорати касбӣ ва истиқлолияти онҳо тариқи кӯмак дар омўзиш ва тақвияти ҳамкорӣ бо онҳо.
  5. Мусоидат ба густариши муносибатҳои наздик миёни кишварҳои минтақа ва кишварҳои демократии дунё.

Барномаҳо ба забони тоҷикӣ:
Ҳар шаб 3 соат (19:00 — 22:00 ба вақти Душанбе) ва ҳар бомдод 3 соат (06:00 — 09:00 ба вақти Душанбе) пахш мешаванд.  Хабару гузоришҳо ва таҳлилу мусоҳибаҳо доир ба таҳаввулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, дар мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишӣ тақдим мешаванд.

Хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе, чаҳор вилояти Тоҷикистон, ҳамчунин аз Прага ҳамвора шуморо дар ҷараёни тозатарин таҳаввулот қарор медиҳанд.

Ҳамаи барномаҳои  мустақиман, яъне ҳангоми пахш дар саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ (www.ozodi.org ва ё www.ozodi.tj ) ва тариқи моҳвора ҳам метавон шунид. Сомонаи РО яке аз аввалин сомонаҳои интернетии хабарӣ бо забони тоҷикӣ аст, ки аз с. 1999 ба ин сӯ ҳамарӯза бо гузориш, мусоҳиба ва хабарҳои тоза нав мешаванд.

Сабти барномаҳо низ қобили дастрасианд. Ба ғайр аз сабти мукаммали барномаҳо, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ матни гулчини гузоришҳо ва таҳлилҳои мухталифро ҳам дар ихтиёри шумо мегузорад. Бойгонии ғанӣ аз гузоришу таҳлилҳо доир ба Тоҷикистонро дар сафҳаи собиқи интернетии Радиои Озодӣ пайдо мекунед.

Комментарии