Харбуза дар Точикистон

Харбуза — ин як намуди меъваи полизи аз оилаи кадугиҳо буда  ба меъваҷоти бодарингшакл шомил мебошад. Харбуза гарчанде дар кулли кишварҳои гарм руяд ҳам, вале ватанаш асосан Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия ва Афғонистон мебошад.

Харбуза ва Тарбуз

Харбуза ва Тарбуз

Табиатан харбуза меъваи рушанӣ ва гармиро дустдоранда мебошад ва дар заминҳои хушк, тасфон, ва шур пуртоқат аст. Дар ин радиф бояд гуфт ки гарчанде харбуза аз сероби хеле калон шавад ҳам вале намиро дуст намедорад.

Аз як буттаи харбуза одатан аз 2 то 10 дона харбуза ки вазнашон 2-10 килограмро ташкил менамояд ҳосил гирифта мешавад. Аз як гектар замини ин намуди полизидошта то 50 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Харбуза худ растании яксола буда ҳар сол у аз сари нав аз донааш меруяд. Ҳосили харбуза аз меъваи тақрибан 5-10 килограма ки дарозиаш аз 30 см. то 150 см. ва бараш аз 20 то 60 см-ро ташкил мекунад.

Харбузаи тобистона

Харбузаи тобистона

Харбуза дар шакл асосан дарозак мисли тухми мурғ мешавад вале намудҳои куррашакли он ҳам ҳастанд, ки ба туп монанди доранд, ки ранги сабз, зард, сафедча ва малла доранд.

Харбузаро асосан дар Тоҷикистон аз моҳи март то июн корида дар моҳҳои июн то сентябр ҳосилгирӣ менамоянд ки давраи пухатаншон 2-6 моҳро вобаста ба намуд ва маконашон ташкил менамоянд.

Таърихи харбуза зиёда аз ҳазорсоларо ташкил намуда дар таҷриба қариб ки шакли ёбоии он во намехурад. Дар китобҳои қадима бахусус дар китоби Инҷил дар бораи харбуза қайд карда гузашта шудааст.

Мардуми осиёи миёна харбузаро бениҳоят дуст медоранд ва онро ба кишварҳои дур ҳамчун намунаи фахри деҳқонии худ барои фуруш ва намоиш равон менамоянд. Тоҷикистонниён харбузаро дар баъзе ҳолатҳо бо нон низ мехуранд, ки бар ивази хурока маънидод карда мешавад.

Харбуза ва ахмияти он

Иди Харбуза

Иди Харбуза дар Точикистон

Аз харбуза тоҷикон мураббо низ тайёр менамоянд, ки дар зимистон ба сифати  ширинӣ ва маводи табобатӣ истеъмол менамоянд. Ба андешаи пирон харбуза ин меъваи Биҳишт буда беэҳтиромӣ нисбати он гуноҳ аст ва дуздидани он савоб гуё бошад.

Муҳимияти Харбузаро ҳукумати Тоҷикистон, ва як қатор кишварҳои Осиёи Миёна дониста ҳамасола Иди Харбузаро охири тобистон моҳи август ҷашн гирифта намоишу фуруши онро дар шаҳрҳои калонтарин баргузор менамоянд. Дар ин чорабинӣ садҳо тонна харбуза ва асал барои фуру шва намош гузошта мешавад.

Чойхонаи Харбуза

Бар иловаи ин соли 2015 дар Ҳисори шодмон чойхоани харбуза кушода шуд ки дар ҷаҳон худро ба зебогӣ, ҳашават ва намуд ҳамтои худро надорад.

Аз ҷихати иктисодӣ  харбуза даромаднокии хуб дорад ва ҳамасола ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон дар масоҳати 15-20 ҳазор гектар замин харбуза корида тақрибан аз сари гектар 20-тоннагӣ ҳосил ва дар маҷмуъ 200-300 хазор тонна харбуза ҳосилгирӣ карда мешавад.

Харбузаро асосан дар ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритуз, Қабодиён, Уротеппа, Ҳисор, Нов, ва Ёвон корида мешавад. Заминҳои лалмӣ (бе об) назар ба заминӣ обӣ 3-4 маротиба камтар харбуза ҳосил медиҳанд.

Бемории асосии харбуза асосан ин касалиҳои шира мебошад ки нисбати он доруҳои махсус аз ҷониби деҳқонон истифода бурда мешавад.

Нархи Харбуза дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна як килограмаш 0,3 доллари ИМА мебошад. Яъне нарх вобаста ба мавсим, ширинии харбуза, намуд (сорт), макон ва ҳаҷмаш гуногун мебошад. Харбуза дар моҳҳои август ниҳоят арзон шуда баро халқ нисбатан дастрас мешавад.

Харбузаи Зимистона

Харбузаи Зимистона дар Хисор

Дар Тоҷикистон харбузаи аввалин бо номи «Оби набот» моҳи июн дар бозор пайдо шуда хело хурдҳаҷму зудзахмшаванда ҳисобида мешавад. Харбуза аз ҳама ширин ранги сафедча дошта шакли дарозак ва пучоқи тунук дорад. Аз ҳама харбузаи дер моҳи октябр ҳосилғундорӣ шуда онро Харбузаи зимистонӣ номгирӣ менамоянд ва пусти он ғафс буда рангаш малла мебоашад. Харбузаи зимистона то баҳорон нигаҳдорӣ қардан мумкин. Умуман бошад дар ҷаҳон тақрибан 10-20 намуди ҳарбуза ҳаст.

Умуман харбуза хусусияти табобативу таъсиррасонии калон дошта ҳазмшавиаш осон буда барои кудакон, мардҳо ва пирон хело муфид аст. Мардҳо баъди хурдани харбуза худро барои иҷрои уҳдадориҳои мардии худ нисбатан фаъолтар мешаванд.

Дар таркиби Харбуза витаминҳои А,Р, С, каротин, фолиева ва кислотаи аскорбин, равған, намак, оҳан калий, натрий дорад. Харбуза назар ба тарбуз чандон ширинтар буда мутаасифона ташнагиро на онқадар метавонад шиканад.

Видео дар бораи Иди Харбуза

 

Душмани асосии палаки Харбуза инҳо мебошанд: Кирм дар давраи руидани он (то 30 руз), зараҳои хурди ҳуҷайрагӣ ки онро Шира дар урфият мегуянд, ва Ҷайра ки ҳамчун ҳайвони таёрхури вайронкунандаи ҳосил.

Комментарии