Гулчехра Сулаймони

Гулчехра Сулаймони

Сурати Гулчехра Сулаймони

Гулчеҳра Сулаймонӣ (шоира) — фарзанди арҷманди шоири мумтоз Пайрав Сулаймонӣ аз муваффақтарин шоиронест, ки барои бачаҳо шеър гуфтаанд. Ашъори дилписандаш ҳамеша барои кӯдакону наврасон мавриди писанд будааст. Бо забони ширини кӯдакӣ сурудааст ва ҳар мисраи шеъраш дилчасп, мавриди пазириш ва ширину гуворост.
Гулчеҳра Сулаймони соли 1928 дар шаҳри Бухорои шариф дида ба олам кушодааст. Соли 1943 омӯзишгоҳи духтаронаи шаҳри Бухороро хатм кардааст, соли 1947 бошад донишкадаи омӯзгориро дар ин шаҳри бостонӣ ба анҷом расонидааст. Соли 1948 бо модар ва хоҳараш ба Душанбе омадааст ва аз он сол баъд, то охири умр дар ин шаҳр зиндагонӣ кардааст.
Аввал омӯзгори мактаби духтарона будааст. Соли 1951  мудири шуъбаи нашрияи бачагонаи “Пионери Тоҷикистон” ва соле баъд мудири шуъбаи маҷаллаи “Машъал” таъин шудааст.
Соли 1954 сарварии бахши адабиёти кӯдак ва навҷавон дар нашриёти давлатӣ ба уҳдаи ӯ меуфтад. Солҳои 1960-1970 мудири шуъбаи маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, мудири шуъбаи бачагон дар нашриёти “Маориф” будааст. Даҳ сол ба сифати ҷонишини сардабири маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” кор кардааст.

Аввалин шеърашро дар сини 20-солаги (соли 1946) навиштааст ва баъди он то вопасин нафаси зиндагӣ замоне аз навиштор бознамондааст. Ва шояд аз пурмаҳсултарин шоиронест, ки барои бачагон эҷод кардаанд.
Соли 1976 барои китобҳои “Себи Хубон” ва “Чил кокули бозингар” Гулчеҳра Сулаймониро    шоистаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ донистанд ва ӯ аз миёни шоирони бачагон аввалин адибе буд, ки сазовори ин ҷоизаи баланд гашт. Баъдан заҳматҳояшро бо ордени “Дӯстии халқҳо” ва унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” қадр мекунанд.
Гулчеҳра Сулаймӣ муаллифи бештар 20 маҷмуъаи шеърист, ки беш аз 15 маҷмуъа ашъорест, ки ба бачагон бахшида шудааст.

Инҳо аз ҷумлаи он китобҳоянд: 

  • Имрӯз ид  (1957);
  • Ду бех олу (1962);
  • Наргис (1966);
  • Чархофалак (1971);
  • Аспак (1972);
  • Чил кокули бозигар (1973);
  • Себи Хубон (1974);
  • Шаддаи марҷон (1976);
  • Илҳом (1977);
  • Рангинкамон (1979);
  • Ниҳол (1979);
  • Айёми гули лола (1982);
  • Таронаҳои офтобй  (1984);
  • Куртаи чакан (1989);
  • Сичароғ (1989);
  • Лолахои дасти ман (1998).

Ашъори Гулчеҳра Сулаймонӣ бо чандин забонҳои олам, аз ҷумла инглисӣ, русӣ, укроинӣ, молдовӣ, узбекӣ, белорусӣ, қазоқӣ тарҷума ва чоп шудаанд.  Гулчеҳра Сулаймонӣ соли 2003 аз олам даргузашт. Намунаҳои аз ашъори шоираи мумтоз ба зудӣ дар ин саҳифа нашр хоҳанд шуд.

Порае аз шеъри Шоира

Куртаи чакани ман
Куртаи чакани ман
Дар куртаам шукуфта
Гул ҳои ватани ман
Ҳар ҷо ки сафар кардам
Чакан дро ба бар кардам
Сайри боғу гулистон
Як бори дигар кардам
Чашми ҳама ба сӯям
Ранги гулҳо ба рӯям
гулдӯзии кӯлоб аст
ба духтарон мегӯям
Куртаи чаканро бин
Гулҳои чаманро бин
Дар ҳамаи фаслҳо
Баҳори ватанро бин

Комментарии