Булбул

Соловей - Булбул

Сурати Булбули оддӣ

Булбул – як намуди беҳтарин паррадаи хушовози сурудхон аз гуруҳи гунҷишкон аст.

Булбул дар ҷаҳон бо шаклҳои гуногуни худ маълум мебошад ва аз ҷумлаи маъруфтарини он ин «Булбули оддӣ», мебошад. Ҳаҷми ин парранда аз гунҷишки оддӣ чандон фарқ наменамояд. Дарозии булбул тақрибан 20 см. баландиаш 10 см. ва бараш (дар ҳолати кушодани болҳо) то 30 сантиметрро ташкил менамояд. Пойҳои қоқи дароз ва вазнаш атрофи 200 граммро ташкил мекунад.

Макони асосии зисти булбулон ин кишварҳои гарм аст ва дар Тоҷикистон онро дар моҳҳои май то сентябр во хурдан мумкин аст. Дар таҷриба дидани булбул ниҳоят душвор аст чунки онҳо аз одамизот ниҳоят худро дур дар канор мегиранд. Ғизои булбул аз ҳашаротҳо, ғалладона ва дар баъзе ҳолатҳо аз меъваҷот иборат аст.

Видео (Садои хониши Булбул). 

 

Зимистон булбул дар африқо зиста тобистон то ба қисмҳои шимолии Руссия парвозу сайр менамояд. Ҷойи асосии зиндагонии булбулон дар ҷангалзори сералафи намнок буда лонаи худро дар замин ё худ болои буттаҳо сохта 5-6 тухми кабути сабзчаранг мегузоранду давраи куркшавиашон (модина) то 13-рузро ташкил медиҳад.

Намудҳои Булбул:
  • Булбули ҳиндӣ — Luscinia brunnea (Hodgson, 1837)
  • Булбули тиллодум — Luscinia chrysaea Hodgson, 1845
  • Булбули сурхсина — Luscinia hyperythra (Blyth, 1847)
  • Булбули қошсафед — Luscinia indica (Vieillot, 1817)
  • Булбули тайванӣ — Luscinia johnstoniae (Ogilvie-Grant, 1906)
  • Булбули рюкӣ — Luscinia komadori (Temminck, 1835)
  • Булбули оддӣ — Luscinia luscinia (Linnaeus, 1758)
  • Булбули ғарбӣ-шарқӣ — Luscinia megarhynchos (C.L.Brehm, 1831)
  • Булбули гардансиёҳ — Luscinia obscura (Berezowski et Bianchi, 1891)
  • Булбули Довуд — Luscinia pectardens (David, 1877)
  • Булбули сурхкалла ё зардкалла — Luscinia ruficeps (Hartert, 1907)
  • Булбули Варраскунак — Luscinia svecica (Linnaeus, 1758)
  • Булбули сурхгардан — Luscinia calliope (Pallas, 1776)
Мақоми Булбул дар ҷомеа:

Дар қадиммулайём ҳам чун дигар халқиятҳо барои халқи тоҷик булбул паррандаи ниҳоят форрами муҳим ба шумор мерафту подшоҳон, шоирон, ошиқон, табибон ва ҳатто руҳониён оиди булбул сухан ронда дар васфи он гуфторҳои хотирмонро, эҷод менамуданд.

Булбул дар мамолики Осиёи миёна рамзи баҳор, рамзи ошиқӣ, рамзи софдилӣ гашта вобаста ба он шеъру таронаҳо хонда мешаванд.

«Навруз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамоши дафу чанг баромад»

Дар ҷамъият агар касе хушхон бошад пас уро ба булбул шабоҳат медиҳанд ва хусусан агар вай шоир, сароянда бошад. Алалхусус барои халқи тоҷик сароянда — Караматуллои Қурбон ва аз шоирон — Мирзо Турсунзодаро булбули миллат, мешуморанд.

Умуман булбулро ҳофизи табиат шуморида онро ҳамчун санъаткори рақами №1 дар байни ҷонварон мешуморанд. Ба хотири булбул ҳатто номи санги осмонӣ ва осорхона дар шаҳри Курски (Руссия) номида шудааст.

Комментарии