Балчувон

Балчувон (Балҷувон) — яке аз ноҳияи қуҳии Тоҷикистон бо масоҳати  1 325 километри мураббаъ, 16-уми марти 1938-ум сол дар тоъбеи вилояти Кўлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Имрузҳо дар ноҳияи Балҷувон зиёда аз 30 ҳазор нафар аҳолӣ дар 5 ҷамоати он зиндагонӣ менамоянд.

Балчуван

Фото Балджуван)

Куххои табиати Балчувон

Сурати Манзараи Балчувон

Ноҳия Балҷувонро ба забони русӣ Балджуван ва дар замони англиси Baljuvan (Baljuvon) номгири менамоянд, вале инчунин бо номи Балхуван низ маълум аст. Ҷамоатҳои ноҳияҳо аз инҳо иборатанд: шаҳраки Балҷувон -4,5 ҳаз. Дектур -5,5 ҳаз., Сари Хосор -5,4 ҳаз. Саталмуш -4,1 ҳаз., ва ҷамоати Тоҷикистон 3,9 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Масофаи байни Балҷувон то Душанбешаҳр қариб 200  ва аз Данғара то Балҷувон қариб 60 километрро ташкил менамояд.

Харитаи Балчувон

Харитаи Балчувон

Ҷуғрофия: Балҷувон дар баландии аз 1100 то 3000 метр ҷойгир буда дар харита координатҳояш 38*31 шимолӣ ва 69*49 ҷанубӣ аст. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод ва Тавилдара аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷануб ва шарқ — бо ноҳияҳои Норак, Ховалинг ва Темурмалик аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз мебошад.

Яке аз зеботрин ҷойҳо дар Ноҳияи Балҷувон ин деҳаи Сари Хосор мебошад, ки дар он ҷо Шаршараи зеботарини Тоҷикистон мавҷуд аст ва барои ҳамин ҳам ин мавзеро барои тамошои мардуми дохилу хориҷ, ки метаваонанд саёҳ бошанд, тавсия карда мешавад.

baljuvon-5

Шаршараи Сари Хосор

Умуман Сари Хосорро ҳамчун боғи табии масоҳаташ 3,8 ҳазор гектардоштаро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  25-уми октябряи соли 2003 эътироф карда шудааст.

Дар табиати ноҳия чунин ҳайвонҳои ваҳшӣ аз ҷумла Хирс, Хук, Бузи шохкалони ёбоӣ,  Рубаҳи сангӣ (Martes foina), Сагмуш (Lutra),  Палангпишак (Felis lynx), Паланги барфӣ (Uncia uncia), Кабк, Ҷайра, Шағол, Хорпушт, Мор ва ғайраҳо зиндагонӣ менамоянд.

Тобистони Балҷувон нисбатан салқинтар буда ҳарорати ҳаво то +35 гарм ва зимистон то – 32 селсия хунук мешавад. Боришот ғайр аз моҳи август дигар моҳо қариб ки доимо мвҷуд буда сатҳи  он то 600 мм дар як солро ташкил менамояд. Аз сабаби боришоти пайдарпай баҳорон мардуми Балҷувон барои ҳиҷрат душвориҳои зиёдеро доранд.

Аз дохили ноҳияи Балҷувон ду дарё мегузарад ки яке Оби мазор  ва дигаре Сурхоб мебошад. Балўвон асосан дар саршавии водии Вахш ҷойгир буда аз сарзамин хоки сурхбуда ташкил менамояд. Куҳҳо 99,9% — и ноҳияро ташкил намуда дар он асосан арчаҳо, писта, дулона, чормағз, ҳаргуна дарахтони бемева ва растаниҳои шифобахш аз ҷумла сиёҳалаф, чукурӣ, шибит, пудина, барги зулф ва дигарон меруянд.

Нохияи Балчувон аз кайҳон (Харита)

 

Иқтисодиёт ва тамаддун: Бо назардошти Балҷувон ноҳияи куҳи буданаш дар он асосан заминҳои лалмӣ мавҷуд аст, ки дар он асосан ҷангалҳо, боғҳо, чарогоҳҳо ва даштҳо мавҷуд буда масоҳаташ 132 ҳазор гектарро ташкил менамояд. Заминҳои обӣ ҳамагӣ 100 гектарро ташкил медиҳад ки дар он мардум асосан обчакорӣ менамоян. Даромади асосии аҳолии ин минтақа аз чорводорӣ мебошад. Намудҳои фаъолияти бартариятдошта дар соҳаҳои иқтисодиёт ба ғайр аз кишоварзӣ дигар мавҷуд нест.

Шахсони маъруфи ноҳияи Балҷувон инҳоянд:

  1. Ҳамрохон Зарифи – Вазири корҳои хориҷӣ (солҳои 2006-2013 ум);
  2. Худойназар Асозода – профессор ва Ректори Донишгоҳи омузгорӣ шаҳри Душанбе (1941-2014);

Суратҳои Балҷувон

Балчувон

Фото Балджуванского района (Балчуван — Балчувон)

Манзараи Зимистон

Манзараи Зимистон

Дарвозаи Baljuvon

Дарвозаи Baljuvon

_________________________________________________________________
Ном дар забони миллӣ: Балҷувон
Ном ба забони русӣ: Балджуван
Роҳбари ноҳия: Раис
Кишвар: Таджикистан
Мақом: Ноҳия
Макон: Ноҳияи Хатлон
Дар бар мегирад: 1 шаҳрак ва 4 ҷамоат
Маркази маъмурӣ: Деҳаи Балҷувон
Санаи ташаккул: 16 март 1938 сол
Забонҳои муошират: Тоҷикӣ ва узбекӣ
Аҳолӣ (2015): 30 145
Таркиби халкӣ: Тоҷикон ва узбекон
Таркиби конфесионӣ: мусульмонони-суннимазҳаб
Майдон: 1.3 ҳазор км²
Вақт: UTC+5
Нишонӣ мухтасар: BA
Коди ISO 3166-2: TJ.KH.BA
Координатаҳо: 38*31 ва 69*49
Этнохоним: Балҷувониҳо
Баландӣ аз сатҳи баҳр: 1100 до 3000 метр
Индекси пучта: 735140
Домени интернет: .tj
Рамзи автомобилҳо: 03 ҶТ
Рамзи телефон: (+992) 3357
Майдони умумии замин (га): 132 662
Майдони обёришаванда (га) 104
Замин лалмӣ (га) 132 558
Заминҳои корам (га) 4 455
Боғҳову (га) 1 117
Токзор (га) 38
Тут (га) 18
Марғзорҳои (га) 81
Ситрусӣ (га) 4
Дар майдони назди ниҳолҳои (га) 0,00
Партофташуда (га) 0,0
Чарогоҳҳо (га) 81 003
Бино (га) 324
Хоҷагиҳои деҳқонӣ 261
Сомона www.baljuvon.tj

Видео (Балчувон аз дакиками 3:01 сар мешавад)

Комментарии